http://www.ozodi2hi3mzwzrdx2x6mobi2lel6sisajmjcpcbokxb3aflirifprryd.onion/a/32207512.html
Идома сентябр 12, 2025 Доналд Трамп аз боздошти қотили эҳтимолии як тарафдораш хабар дод Акс аз маросими гиромидошти Чарли Кирк Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, одаме, ки “бо эҳтимоли зиёд” Чарли Кирк, як фаъоли тарафдори сиёсатҳои ӯро куштааст, боздошт шуд. Президенти ИМА дар суҳбати рӯзи 12-уми сентябр бо телевизиони Fox News гуфт, ба хотири нақз накардани қонун дар бораи эҳтимолияти бегуноҳӣ исми ин нафарро намегирад, вале мутмаин аст, ки қотил боздошт шудааст.