http://www.ozodi2hi3mzwzrdx2x6mobi2lel6sisajmjcpcbokxb3aflirifprryd.onion/a/32214281.html
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар ду бозии марҳилаи гурӯҳӣ аз тими Афғонистон бо ҳисоби 5:9 ва аз мунтахаби Марокаш бо ҳисоби 1:7 мағлуб шуд, имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст дод. Дар бозии даври охирин дар гурӯҳи “В” шогирдони Пайрав Воҳидов 8-уми ноябр бо тими Эрон бозӣ мекунанд. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти инфиродии ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки рӯзҳои 8-9-уми ноябр дар Риёз баргузор мешавад, ширкат меварзанд.