http://www.ozodi2hi3mzwzrdx2x6mobi2lel6sisajmjcpcbokxb3aflirifprryd.onion/a/32209467.html
Узбекистон бо касби 90 медал, минҷумла 23 нишони тилло, дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 107 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ, ки моҳи августи соли 2023 дар Беларус доир гардид, 2200 варзишгари 9 кишвари ИДМ, инчунин намояндагони Баҳрайн, Куба, Кувайт, Венесуэла, Ветнам, Малайзия, Миср, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Муғулистон, Покистон, Умон ва Эрон ширкат варзида, аз рӯи 20 намуди варзиш рақобат карданд.