http://www.ozodi2hi3mzwzrdx2x6mobi2lel6sisajmjcpcbokxb3aflirifprryd.onion/a/32207512.html
Эътирозҳои мардумӣ, ки баъди манъи шабакаҳои иҷтимоӣ шурӯъ шуд, боиси кушта шудани 51 нафар ва ҷароҳати 1300 кас гардид. Мавҷи хушунатҳо танҳо баъди аз қудрат канор рафтани Олӣ хомӯш гардид. Карки 73 сол дошта, аввалин занест, ки раҳбарии Додгоҳи олиро ба ӯҳда дошт ва дар миёни тарафдоронаш – ширкатдорони ҳаракати Gen-Z, ки дар садри эътирозҳо қарор доштанд, барои ҳақиқатҷӯӣ, муттаҳидӣ ва муборизааш зидди коррупсия ситоиш мешавад.