http://www.ozodi2hi3mzwzrdx2x6mobi2lel6sisajmjcpcbokxb3aflirifprryd.onion/a/31824716.html
Наворро рӯзи 20-уми май як саҳифаи зоҳиран наздик ба мақомоти Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштааст. Қаблан созмони байнулмилалии Human Rights Watch аз низомиёни украинӣ хоста буд, ки аз нашри навору суҳбати асирон барои бехатарии онҳо худдорӣ кунанд. Ҷаъфар Муҳаммадзода дар ин видеои беш аз 8-дақиқаӣ аз ҳамсараш дар Тоҷикистон хостааст, ба сафорати Русия рафта, дар ин бора хабар диҳад, то ӯро ҳамон тавр ки ба ҷанг фиристоданд, аз асорат халос кунанд.