http://www.ozodi2hi3mzwzrdx2x6mobi2lel6sisajmjcpcbokxb3aflirifprryd.onion/a/32209467.html
То кунун Тоҷикистон ва Исроил асосан дар арсаи кишоварзӣ ҳамкориҳо доштанд ва ҳоло ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки дар бахши иқтисоди гардишгарӣ ҳам ҳамкорӣ мекунанд. Ба навиштаи хабаргузории исроилии Press Service of Israel (TPS-IL), барои бори аввал аст, ки як вазири исроилӣ ба таври расмӣ ба як кишвари Осиёи Марказӣ сафар мекунад. Агарчӣ Тоҷикистон ва Исроил дар солҳои 1992 робитаҳои дипломатӣ барқарор карданд, вале сафоратхонаҳои худро дар кишварҳои якдигар надоранд.