http://www.ozodi2hi3mzwzrdx2x6mobi2lel6sisajmjcpcbokxb3aflirifprryd.onion/a/32207512.html
Генерал Алексус Грункевич, яке аз фармондеҳони баландпояи НАТО дар Аврупо, гуфт, ки ин амалиёт бо номи "Нигаҳбони Шарқ" оғоз мешавад ва шомили ҷобаҷо кардани ҷангандаҳои "Rafale"-и Фаронса, F-16-и Дания, як киштии ҷангӣ ва системаи дифои заминӣ, хоҳад буд. Ба гуфтаи мақомҳои НАТО, вуруди чанд паҳбоди русӣ ба хоки Лаҳистон дар рӯзи 10 сентябр занги хатари наверо дар бораи эҳтимоли густариши ҷанги Украина ба дигар кишварҳои ҳамсоя ба садо даровард.